ШУКР ВА СИТОИШ (#15670)

Ситоиш Туро сазост, Эй Худованди асмо ва Офаридгори само, зеро ибодатро ба Рузе ошно намудӣ, ки дар он оби чашмаи ҳаёт аз ангушти карамат ҷорӣ гардид; ва баҳори Мукошафа ва Лиқо, ба воситаи Зуҳурат, бар касоне, ки дар осмон ва заминанд, зоҳир шуд.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ШУКР ВА СИТОИШ (#14370)

Ҳуваллоҳ! Эй тоифи Ҳавли матофи Малаъи аъло! Ду дасти шукрро ба Даргоҳи  aҳадият баланд намо ва бигӯ: Эй мунтаҳо орзуи ошиқон! Эй Далели гумгаштагон! Ин бандаи заифро ба алтофи бепоён бинавохтӣ, ва ин бечораи залилро ба Даргоҳи aҳадиятат расондӣ. Ин ташнаи сӯхтаро аз айни иноят нӯшондӣ, ва ин беҷони афсурдаро ба насими раҳмат тар ва тоза намудӣ. Шукр Туро, ки аз фазли aкбар насиби авфар иноят фармудӣ, ва ба Равзаи Муборака мушарраф кардӣ. Аз файзи Малакути aбҳоят баҳраи бепоён металабaм. Муваффақ фармо, иноят кун.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ШУКР ВА СИТОИШ (#14371)

Ҳувалабҳо! Эй Ёри пинҳон, Эй Мақсуди ду ҷаҳон, Эй Маҳбуби меҳрабон!  Ин бечорагон асири ишқи Туанд, ва он бенавоён мустаҷири остон. Ҳар шоме аз фироқ нола кунанд, ва ҳар субҳе аз ҳуҷуми аҳли нифоқ фарёд ва фиғон бароранд. Дар ҳар даме бо ғаме ҳамдаманд, ва дар ҳар нафасе ба зулми баднафасе мубтало. Бо вуҷуди ин ҳамд Туро, ки чун оташкада пуршӯълаанд, ва чун моҳ ва меҳр пурнур ва партавафшон. Чун алам дар Амр қад барафрохтаанд, ва чун мардон дар майдон тохтаанд. Чун шукуфа шукуфтаанд, ва чун гул хандон ва шодмон.Пас Эй Меҳрабон, ин нуфуси қудсияро бар таъйидоти Малакутии Худ муваффақ фармо, ва ин ҷонҳои покро мазоҳири оёти Лавлок кун. Иннака Aнтал Каримул – Раҳимул – Раъуфул – Раҳим.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ШУКР ВА СИТОИШ (#14372)

Ҳуваллоҳ! Эй Фирдавси бенавоён, Эй Худованди меҳрабон! Ман чӣ лаёқате доштам, ки ин бахшиши азимро шоён фармудӣ, ва ин лутфи ҷалилро ройгон намудӣ, ба тақбили остони муқаддасат муваффақ кардӣ, чӣ остоне, ки ӯро Малаъи аъло посбон аст ва қулуби аҳли Малакути Абҳо муқим ва рокиъ ва соҷид ва окиф ва хозеъ чун ростон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ШУКР ВА СИТОИШ (#14373)

Ӯст Муқаддастарин ва Равшантарин! Ба Номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон! Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳонҳост! Эй Парвардигори ман, Паноҳгоҳи ман, ва Такиягоҳи ман! Чӣ гуна тавонам Туро зикр кунам, ҳатто агарчи бо ҳайратангезтарин суханони ситоиш, ё фасеҳтарин оҳангҳои васф бошад, Эй Худои Қодир ва Омурзанда, дар ҳоле ки огоҳ аз онам, ки забони ҳар як сухангӯи фасеҳ оҷиз, ва ҳар изҳори ситоише аз қалам ё забони инсон дар кӯшиши тасбеҳ кардани ҳатто яке аз нишонаҳои қудрати тавоноии Ту, ё ситоиши як Калимаи офаридашудае аз ҷониби Ту, ошуфта аст. Дар ҳақиқат, болҳои паррандагони ақлҳои инсонӣ дар кӯшиши боло рафтан ба суӣ фазои қудси Илоҳии Ту шикастаанд, ва анкабудони ваҳмҳо аз танидани торҳои заифи худ дар баландтарин қуллаҳои гунбади шиносоии Ту оҷизанд. Пас, ман ҳеҷ илоҷе надорам, ба ҷуз эътирофи нотавонӣ, ва норасоиҳои худ, ва ҳеҷ манзиле барои ман вуҷуд надорад, ҷуз дар қаъри фақр ва танҳоӣ. Дарвоқеъ, нотавонӣ дар дарки Ту – ҷавҳари фаҳмиш аст, иқрори норасоиҳо – ягона василаи расидан ба ҳузури Ту, ва эътирофи фақр – сарчашмаи сарвати ҳақиқӣ. Худовандо! Бо меҳрубонии Худ, ба ман ва бандагони самимии Худ, дар хидмат ба даргоҳи баландтарини Ту кӯ– мак деҳ. Моро дар ибодат ба қудсияти илоҳии Худ қавӣ гардон ва бигузор, то назди дари ягонагии Ту фурӯтан ва хоксор бошем. Эй Парвардигори ман! Қадамҳои маро дар роҳи Худ устувор кун, ва қалби маро бо шуоъҳои дурахшоне, ки аз осмони асрори Ту тобидаанд, равшан намо. Рӯҳи маро бо насими бедоркунандае, ки аз биҳишти бахшоиш ва бахшиши Ту мевазад, тароват деҳ, ва ҷони маро бо роиҳаи ҳаётбахше, ки аз марғзорҳои тақдиси Ту мерасад, масрур соз. Рӯи маро аз уфуқи ваҳдонияти Худ дурахшон кун, ва маро дар миёни ходимони самимии худ дарёб, ва дар қатори бандагони росих ва устувори Худ бишумор.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ШУКР ВА СИТОИШ (#14374)

Ҳувал Абҳо Эй бандаи Ҳақ! Дасти шукрона ба даргоҳи Худованди ягона баланд намо ва бигӯ: Эй Баҳоҷон! Ҷонам ба фидоят, Эй Дилбари нозанинам, Эй Ёри дилнишинам, инояте фармо, ки дар Малакути Абҳоят бо рухе равшан ва виҷдонe чун гулзор ба чаман роҳ ёбам, ва дар хидмати Амрат кӯшам, ва ҷон дар раҳат афшонам, ва хоки раҳи аҳиббоят гардам. Иннака Антал Каримур– Раҳим.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ШУКР ВА СИТОИШ (#14375)

Ҳувалабҳо! Эй ёрон, дасти шукрона ба даргоҳи Худованди Ягона баланд кунед ва бигӯед: Эй Худованди Якто, Эй Парвардигори беҳамто, ситоиш ва ниёиш Tуро, ки ин иклили ҷалилро бар сари ин зуъафо ниҳодӣ ва ин ридои иззати абадияро бар дӯши ин фуқаро додӣ. Партави тақдисат бар ҳайкали туробӣ зад, анвори ҷаҳони абадӣ зоҳир шуд. Шӯълаи иноятат аз нори мавқида зоҳир шуд ва қулубро ҳаёти ҷовидонӣ дод. Шукр Туро бар ин мавҳибат ва бар ин иноят ва бар ин раҳмат, ки ин зуъафоро ба он мухассас доштӣ. Туӣ Карим ва Раҳим ва Меҳрубон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ШУКР ВА СИТОИШ (#14376)

Ҳуваллоҳ! Эй Бениёз! Ситоиш Туро сазост, ки ин гумгаштагонро ба шоҳроҳи ҳидоят далолат фармудӣ ва ин ташнагонро ба айни иноят расондӣ ва ин дармондагонро дар зилли Калимаи Илоҳия паноҳ додӣ. Иннака Антал Карим.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ШУКР ВА СИТОИШ (#14377)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ситоиш Туро, ки ин бенаворо бонаво кардӣ ва ин мустамандро ба ганҷи равон далолат фармудӣ. Ин қофилаи гумгаштаро ба Каъбаи Мақсуд ҳидоят фармудӣ ва ин моҳии ташналабро аз маъини айни тасним нӯшондӣ, пас агар дар даҳон сад ҳазор забон бикушоям ва ба ҳар забон ҳамд ва ситоиши Ту намоям, аз ӯҳдаи шукри алтофат дарнаёям, ки чунин мавҳибате мабзул фармудӣ ва чунин эҳсон ройгон доштӣ. Эй Яздони Меҳрубон, собит намо ва нобит кун, мустақим фармо ва дар маҳфили асрор ҳамдам ва надим кун. Эй Карим, Туӣ соҳиби фазли азим. Иннака Антар –  Раҳмонур –  Раҳим.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ШУКР ВА СИТОИШ (#14378)

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигор! Ситоиш ва ниёиш Туро лоиқ ва сазовор, ки ин мурдаи афсурдаро ҷон бахшидӣ ва ин гумгаштаи саргаштаро ба доруламон роҳ додӣ. Ин бесарусомонро дар маъмани алтоф паноҳ додӣ ва ин ташнаи сӯхтаро ба раҳиқи махтум ва моъи азби ҳаявон сероб фармудӣ. Чӣ ки ба ҳидояти кубро фоиз доштӣ ва ба мавҳибати узмо мухассас кардӣ. Кирдигоро, шукр Туро, ҳамд Туро, ниёиш Туро.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ШУКР ВА СИТОИШ (#15691)

Ҳувал Абҳиял Абҳо! Парвардигоро, Омурзгоро! Чӣ гуна забон ба ситоишат кушоям, ва парастиш ва ниёиш намоям? Тақрир айни тақсир аст, ва таҳрир далели нодонӣ дар ин aмри асир. Забон олате аст мураккаб аз аносир, савт ва баён аразе аст аз авориз. Ба олати унсурӣ ва савти оразӣ чӣ гуна тавон наът ва ситоиши Ҳазрати Бечун гуфт? Он чӣ гуям ва ҷуям аз мудракоти олами инсонӣ аст, ва дар таҳти иҳотаи олами башарӣ. Натоиҷи фикрия чӣ гуна ба маориҷи Илоҳия расад, ва анкабути авҳом, чӣ гуна ба лаъоби зунун ва афҳом ба рафрафи тақдис танад? Ҷуз баёни аҷз чорае на ва ба ғайр аз эътироф ба қусур баҳонае  нест. Ту Ғании Мутаолӣ, ва муқаддас аз идроки уқули аҳли камол.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

